Зебинисо Рустамова: “Духтарак аз Помир" қаҳрамони ҷаҳон шуд

© Sputnik / Шерстенников / Гузариш ба медиабонкУстоди варзиши ИҶШС Зебинисо Рустамова.
Устоди варзиши ИҶШС Зебинисо Рустамова. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари маъруфи тоҷик Зебинисо Рустамова ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи фаъолияти худ, ғолибият дар қаҳрамонии соли 1975 ва рушди варзиш дар Тоҷикистон нақл кард.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Соли гузашта варзишгари беҳамтои тоҷик ду солгард: моҳи январ 60 солагии худ ва моҳи июн бошад 40 солагии  ғолибияти худро  қайд намуд. Имсол ӯ фаъолияти худро дар соҳаи варзиши кишвар идома дода, таҷрибаи худро ба насли наврас меомӯзонад.

Мувафаққият Зебинисо Рустамоваро инсони нотаркор кард. Аз вақти чемпион шуданаш даҳҳо сол сипарӣ шуд, вале то  ҳол ӯро дар кӯҷаҳо мардум мешиносаду бо меҳр "ташаккур" мегӯянд.

Гарчанде Рустамова имрӯзҳо амалҳои рекордӣ нишон надиҳад ҳам дар зиндагии варзишии мамлакат иштироки фаъолона дорад ва дар ҷумҳурӣ тарзи ҳаёти солимро ташвиқу тарғиб менамояд. Дар давраи фаъолияти варзишиаш ӯ ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расида буд. Зебинисо чемпиони ҷаҳони соли 1975, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпӣ дар Монреали соли 1976, қаҳрамони чандинкаратаи қаҳрамонии Аврупо, қаҳрамони чандинкаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва мусбиқаҳои гуногуни байналмиллалӣ аст.

© Sputnik / П. Бейлиц-Гайман / Гузариш ба медиабонкҚаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова, номзади мунтахаби олимпии ИҶШС
Чемпионка по стрельбе из лука Зебинисо Рустамова - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова, номзади мунтахаби олимпии ИҶШС

Солҳои мактабӣ

Дар даврони мактабӣ то замоне, ки ба камонварӣ шуғл надошт, Зебинисо ба дигар намудҳои варзиш шавқу рағбати зиёд дошт ва метавонист футболисткаи хуб шавад.

 "Солҳои мактабӣ ман ба варзиши сабук шавқ доштам, баъд шиноварӣ машқ мекардам. Футболро беҳад дӯст медоштам. Ҳангоме бародар ва амакам ба майдони футбол равон мешуданд, ман мехостам бо онҳо равам. Мутаассифона он вақтҳо футболи занона дар кишвар набуд, вагарна ман футболистка мешудам. Соли 1969 ба Душанбе мураббии камонварӣ омада буд ва бародарам ба ман тавсия дод то ба ин намуди варзиш машғул шавам. Ман розӣ шудам ва дар назди мураббӣ худро номнавис намудам. Ва аллакай соли 1971 ман дар Спартакиадаи Тоҷикистон ҷои чорумро гирифтам",-нақл мекунад Зебинисо Рустамова.

Дар баробар ин қаҳрамони олимпиадаи соли 1975 дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 1976 Зебинисо Рустамова ба навиштани мақолаҳо барои рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" машғул мешуд.

© Sputnik / Поддубный / Гузариш ба медиабонкЗебинисо Рустамова чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ ҳангоми тамрин
Чемпионка мира по стрельбе из лука Зебинисо Рустамова (в центре) вынимает стрелы из мишени во время тренировки. - Sputnik Тоҷикистон
Зебинисо Рустамова чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ ҳангоми тамрин

"Ман ба факултаи филологӣ ҳуҷҷат супорида дохил шудам, чунки он замон ба факултаи журналистика дохил шудан номумкин буд",-мегӯяд Рустамова.-Ва танҳо соли 1988 замоне, ки ҳамаи нишонҳои варзиширо ба даст овардам ба Донишкадаи варзиш ҳуҷҷат супоридам. Чунон шуд, ки ҳамаи медалҳоямро ман замони фололог буданам ба даст овардам!"

Яке аз саҳифаҳои пур аз шӯҳрати Зебинисо Рустамова бо соли 1975 алоқаманд аст. Дар шаҳри Интерлакени Шветсария мусобиқаи камонварӣ доир гардид. Он замон ӯ дар масофаҳои 30,50,60 ва 70 м соҳиби медали тилло ва зани аввалин дар гурӯҳи занони комонвар гардид.

— Аз он давра аллакай чил сол гузашт. Чил-сол чун як лаҳза. Ин иштироки аввалини ман дар чемпионати ҷаҳон буд ва албатта ман фикре ҳам дар бораи ғолибият дар ҳамаи бахшҳо ва гузоштани рекорди ҷаҳонӣ надоштам-ба ёд меорад Зебинисо Рустамова.-Бисёр хурсандиовар буд, ки рафиқонам аз дигар кишварҳо, дӯстону пайвандонам маро бо солгарди ғолибиятам табрик карданд. Соли 75-умро ба ёд оварда мехоҳам бигӯям, ки ба гурӯҳ маро сармураббии мунтахаби занонаи ИҶШС Арсен Шугаибович Балов дохил намуд. Маро ҳамчун варзишгари ҷавон ва ояндадор ба мунтахаб қабул кард. Ман он вақт 20 сола будам, дигар иштирокчиён бошанд аз ман бузургтар. Вале ман худро дар ҳамон муҳит хеле хуб ҳис мекардам. Ҳама маро ҳамчун аъзои хурдии мунтахаб нигоҳубин мекарданд ва ҳамин тавр майдаҳак ҳам ба ман хитоб менамуданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа замоне, ки онҳо дар майдон қадам мегузоштанд, тамошобинон мутахассисон ба Зебинисо Рустамова бо ҳайрат менигаристанд. Ва баъдтар суол мекарданд, ки ин варзишгар аз куҷост-намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ.

"Дар гурӯҳи мо ҳамаи варзишгарон қади баланд (1,80м) доштанд,-гуфт Зебинисо Рустамова. Вале ман би ин аҳамият намедодам, фақат мехостам, ки бо мувафаққият дар қаҳрамонии ҷаҳон баромад кунам".

 

© Sputnik / Моргулис / Гузариш ба медиабонкҚаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова
Чемпионка по стрельбе из лука Зебинисо Рустамова - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебинисо Рустамова

Духтарак аз Помир чемпиони ҷаҳон шуд

Мусобиқаҳо дар қаҳрамонии ҷаҳони соли 1975 панҷ рӯз давом кард. Аз рӯзҳои аввал Зебинисо Рустамова ғолиб меомад.

— Хеле мушкил буд,-ба ёд меорад варзишгар.-Вале ба ман даст дод, то аз ӯҳдаи ҳамааш бароям. Дар бахшҳои охирин тақдири медали тилло ҳал мешуд-ман ё Валентина Ковпан. Гурӯҳ дар хатти охирон, Валя ба ман мегӯяд камони маро назорат кун. Ман баромади ӯро мушоҳида мекардам ва ногаҳон шунидам, ки мураббӣ ҷанҷон дорад, нигоҳ мекунам фақат 30 сония вақт мондааст. Барои се тир танҳо дуюним дақиқа вақт ҷудо мешуд. Ман тез тез ба камонзанӣ шурӯъ кардам, Худо ба шукр ки ман тавонистам, дар ҳоле, ки ҳамааш бисёр зуд, хатарнок буд.

Вақте гурӯҳ аз хатти камонзанӣ баромад, ҳайати мураббиён ҳамаро ҷамъ кард ва албатта маро низ хеле ҷанҷол кард. Ҳатто ҳангоме, ки ӯ моро ҷанҷол мекард як дандонаш афтид ва ӯ дандонашро бардошта боз ба ҷанҷол шурӯъ кард.

Баъд навбати мусобиқоти нав омад. Ман бояд ин замон худро ба даст мегирифтам ва баромади хуб нишон медодам,-мегӯяд Зебинисо Рустамова.-Дар охир муваффақият омад-ҳамаи даҳ имтиёз, унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи масофаҳои гуногун ва ҳамчунин медали тилло дар бахши гурӯҳӣ.

Бале, як қиссаи дигари ҷолиб низ ҳаст, ки Зебинисо Рустамова дар бораи он нақл кард.

"Ҳеҷ кас он вақт намедонист,ки ман аз куҷоям, кам буданд нафароне, ки медонистанд Тоҷикистон дар куҷост. Ва замоне, ки ман чемпиони ҷаҳон гардидам ва рекорди ҷаҳониро соҳиб шудам, президенти Федератсияи байналмиллалӣ Франческо Раскони ба назди ман бо харита давида омада хост, то ман Тоҷикистонро ба ӯ нишон диҳам. Ман бисёр кофтам ва Тошканд, Самарқанд, Помирро ёфтам, вале Душанбе набуд. Кӯҳҳои Помирро дида ман бо хурсандӣ ба онҳо нишон додам: "Ана, ман аз ин ҷо!"  Ва рӯзи баъди ҳамаи рӯзномаҳо навиштанд, ки духтарак аз Помир чемпиони ҷаҳон шуд",-нақл кард Зебинисо.

— Албатта ман хеле шод будам, ки ғолиби қаҳрамонии ҷаҳон гардидам, ҳамгоме, ки дар маросими медалсупорӣ иштирок мекардам эҳсосот маро фаро гирифт. Чунин ҳодисаҳо ҳеҷ гоҳ  фаромӯш намешаванд. Баъд мо ба банкет рафтем, нақл мекунад Зебинисо Рустамова.- Вале ман чунин зиёфатҳоро наонқадар меписандам, мехостам дарҳол сафар кунем ва ба мусобиқаҳои баъдӣ омодагӣ бинам. Ба Маскав омадем, моро дар меҳмонхонаи бароҳат ҷоё доданд, медонед, бисёр мехостам, нон бо картошка ва замбурӯғ бихӯрам(табассум мекунад). Хӯроки бегоҳирӯзиамонро хурда хоб рафтем. Ва рӯзи баъдӣ бароям унвони Устоди шоистаи варзиши ИҶШС супориданд. Ҳангоми баргаштан дар Душанбе маро дӯстон ва пайвандонам пешвоз гирифтанд. Худи ҳамон замон ман ба супоридани имтиҳоноти донишгоҳ шурӯъ кардам.

 

Баъди мусобиқаҳо албатта эҳсосоти хеле бузург доштам, хеле хуб аст, ки барои меҳнатат қадр мегирӣ. Чунки ман ҳангоми машқ кардан, ҳамаи чизро фаромӯш карда будам, намедонистам, ҷашну маросим чист, рӯзҳои истироҳат, рӯзи таваллуд. Танҳо машқ ва машқ-мегӯяд Зебинисо Рустамова.- Ҳангоме, ки ба ҳайати гурӯҳ соли 1975 шомил шудам ва рӯзҳои аввали машқро бо ин гурӯҳ шурӯъ мекардам ҳамааш дар хона-интернати "Пушкино" ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар гурӯҳ ман аз ҳама хурдӣ будам. Баъди машқ боре, нишаста ба дарсҳо тайёрӣ медидам ва ногаҳон овози мураббиам Арсен Баловро шунидам: "Зебинисо куҷост? Барои чӣ ӯ дар машқ нест?" Аз ҳуҷраам баромадам ва ӯ маро ҷазо дод, чун низомӣ. Ашкҳоям париданд. Баъди чанде худро ба даст гирифта ба ӯ гуфтам: "Шумо чаро чунин мекунед? Бо ман ҳатто падарам чунин гап намезанад! Беҳтараш фаҳмонед, ки ман бояд чӣ кор кунам, ман бори аввал дар ин мунтахаб". Баъди ин суханон ӯ ором шуд. Ҳамин тавр зиндагии ман дар мунтахаб шурӯъ шуд.

Чуноне, ки ман қади наонқадар баланд ва вазни кам доштам, бояд нисбати дигарон бештар машқ мекардам. Ана он вақт худи мураббӣ низ ғамгин мешуд, чунки ӯ бояд баъди ба анҷом расидани машқ боз мо ман алоҳида дарс мегуфт. Ман аз ӯ хеле миннатдор будам. Мутассифона ҳоло ӯ дар қайди ҳаёт нест, вале ҳар замоне, ки ман ба Маскав сафар мекунам, албатта ба аёдати оилааш меравам. Ҳамаи дастовардҳои ман ба шарофати ӯ аст.

 

Дар бробари ин Зебинисо Рустамова имрӯзҳо дар рушди варзиши ҷумҳурӣ ва махсусан камонварӣ саҳм мегузорад. Ба ҷавонон нозукиҳои ин намуди варзишро омӯхта, аз таҷрибаи бойи худ барояшон дарс мегӯяд.

— Имрӯз камонварӣ-бисёр ҳам намуди варзиши қиммат аст,-мегӯяд Зебинисо. —Албатта масъалаи маблағгузорӣ мушкилӣ дорад, вале ман боварӣ дорам, ки дар ояндаи наздик ҳодиса дигар мешавад. Дар ҳоли ҳозир ин намуди варзиш наонқадар рушд ёфтааст. Вале блояд барои пешрафту рушди он ҳамаи имкониятҳоро истифода бурд.Натанҳо шароити хуби машқ барои варзишгарон муҳим аст, вале хеле зарур аст, ки варзишгаронро ҷалб кунанд. Ғайр аз ин барои тайёр намудани  варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ бояд онҳоро тарбия кард.

Барои варзишгари касбӣ- варзиш ин кор аст. То замоне, ки ба варзишгар маблағ надиҳанд, ӯро ҷалб нанамоянд, натиҷаҳои хуб ба даст намеояд. Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон барои камонварон шароитҳои хуби корӣ муҳайё карда шуда, ба онҳо маош ҷудо карда шудааст. Мехоҳам, ки чунин шароитҳо дар кишвари мо низ бошанд.

Ман барои ин намуди варзиш аз таҳти дил дар ташвиш ҳастам ва кӯшиш мекунам ба варзишгаронамон аҳамияти ҷиддӣ диҳам. Ман ба ҳайси мураббӣ фаъолият надорам, вале барои машварат доимо дар вақтҳои холигиам бо варзишгарони камонвар ҳастам. Браояшон нозукиҳои камонвариро нишон медиҳам. Ман ба варзишгарони камонвар бисёр боварӣ дорам ва интизорам, ки дар ояндаи наздик варзишгарони Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкНомзади мунтахаби олимпии ИҶШС Зебинисо Рустамова
Зебинисо Рустамова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Номзади мунтахаби олимпии ИҶШС Зебинисо Рустамова

 

 

Лентаи хабарҳо
0