ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди Тоҷикистон чор сокини шаҳри Хуҷандро бо 8 ҳазору 650 ҳаби мадҳушкунанда дар Душанбе боздошт кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Манбаъ мегӯяд, сокинони шимоли кишвар- Азамов Музаффар, Шарипов Фарҳод, Вайсов Муҳиддин ва Алиназаров Низомиддин моддаҳои психотропиро дар Хуҷанд харида, 25-уми апрел барои фурӯш ба Душанбе интиқол додаанд.
"Зимни амалиёт дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе аз дохили автомашинаи тамғаи "Шевралет Каприз" ҳабҳо дарёфт шуданд, ки дар бозори сиёҳ ҳар кадоми он 20 доллари амрикоӣ нарх дорад. Маблағи умумии 8650 ҳаби мусодирашуда тахминан 200 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад",- илова кард сарчамаи хабар.
Дар ҳоли ҳозир дар қиболи боздоштшудаҳо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.