Ҷашнвораи варзишӣ дар доираи рӯзҳои ҷавонон дар Тоҷикистон доир гардид. Дар пойтахт варзишгарон ва хоҳишмандони касбу кори гуногун аз маҳаллали Чорбоғ то Наврӯзгоҳи пойтахт давиданд.
Дар Дави миллӣ ҳамаи табақаҳои ҷомеа шурӯъ аз коркунони идораҳои давлатӣ, варзишгарони маъруфти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд.

1/12
© Sputnik / Stringer
Ҳамаи варзишгарон дар маҳаллаи Чорбоғ қабл аз шурӯъ ба давидан ҷамъ омаданд.Иштирокчиён бо байрақҳо ва плакатҳои корхонаҳои худ ҳозир шуданд.

2/12
© Sputnik / Stringer
Дар Дави миллӣ гурзпартои беҳамтои Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат варзид.

3/12
© Sputnik / Stringer
Тартиботи ҷамъиятиро кормандони милитсия таҳти назорат гирифтанд.

4/12
© Sputnik / Stringer
Садои сигнали оғоз садо дод ва иштирокчиён ба давидан даромаданд.

5/12
© Sputnik / Stringer
Барои гузаронидани рӯзи Дави миллӣ якқатор роҳҳои Душанбешаҳр баста шуда буданд.

6/12
© Sputnik / Stringer
Варзиш натанҳо гарави саломатист балки болидагии рӯҳи инсон аст.

7/12
© Sputnik / Stringer
Иштирокчии Дави миллӣ.

8/12
© Sputnik / Stringer
Барои иштирок дар марафон синну сол фарқ надорад-ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар марафон иштирок кунанд.

9/12
© Sputnik / Stringer
Аксари иштирокчиён бо байрақи Ватани азизамон медаванд.

10/12
© Sputnik / Stringer
Баъзе аз иштирокчиён бо либосҳои махсуси корхонаҳояшон иштирок карданд.

Дар баробари ҳама марди 85 сола-Зайнулло Мирзоев низ дар Дави миллӣ иштирок намуд.

12/12
© Sputnik / Stringer
Зайнулло ҳамасола дар Дави миллӣ иштирок мекунад. Ӯ аз соли 2007 инҷониб ҳар сол дар ин маърака ширкат меварзад. Имрӯз ӯ дар қатори ғолибон аст, барои иштирок дар марафон ба Зайнулло тӯҳфаҳо супорида шуд.