Кӯҳнавардони тоҷик ба мусобиқаҳои мавсимӣ омодагӣ мебинанд

© Flickr \ Maria LyКӯҳнавардӣ. Акс аз бойгонӣ
Кӯҳнавардӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯҳнавардони тоҷик ба мусобиқаҳои шаҳрӣ дар мавсими нав омодагӣ мебинанд. Интизор меравад, ки ин мусобиқаҳои варзишӣ дар риштаи кӯҳнавардӣ, дар охирҳои моҳи равон баргузор хоҳанд гардид.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик барои иштирок дар мавсими нави мусобиқаҳо ҳанӯз аз аввали моҳи майи соли 2016 тайёрӣ мебинанд. Аксари варзишгарон дар мактаби варзишӣ омодагӣ дида баъзеи дигар ба кӯҳҳои ноҳияи Варзоб барои тамрин мераванд.

"Имрӯзҳо кӯҳнавардони тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои кушоди мавсими ҷадид омодагӣ мебинанд. Интизор меравад, ки ин мусобиқаҳои варзишӣ дар риштаи кӯҳнавардӣ, дар охирҳои моҳи равон баргузор хоҳанд гардид. Моҳи июн бошад гузаронидани қаҳрамонии ҷумҳурӣ аз рӯи ин намуди варзиш дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи ду бахш баргузор мешавад: суръат ва мураккабӣ",-гуфт мураббӣ оид ба кӯҳнавардӣ Елена Логинова.

Соли гузашта мо корро аз рӯи тартиб додани ҳуҷҷатҳои Федератсияи Кӯҳнавардии ҶТ ба анҷом расонидем.

Олимпиадаи Лондон-2012. Мавзуна Чориева парчами Тоҷикистонро мебарад - Sputnik Тоҷикистон
Олимпиада-2016: варзишгарони тоҷик дар “роҳ” ба Рио

"Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо тартиб дода шуданд ва акнун метавон гуфт, ки Федератсияи нави кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва акнун ин Федератсия дар алоҳидагӣ фаъолият мекунад. Имрӯзҳо дар ҶТ мо ба ҷустуҷӯи сардори Федератсия-шахсе, ки рушди кӯҳнавардӣ барояш муҳим аст, машғул ҳастем",-иттилоъ дод Елена Логинова.

Қайд менамоем, ки кумитаи ташкилоти Бозиҳои Олимпӣ соли 2020 дар Токио ба Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ барои илова намудани боз панҷ намуди варзиши нав пешниҳод намуд. Ин намуди варзишҳо: кӯҳнавардӣ, бейсбол, каратэ, серфинг ва ғайра. Ба қавли коршиносон кӯҳнавардӣ метавонад дар ояндаи наздик  намуди варзишӣ олимпӣ гардад. Қарори ниҳоӣ дар бораи дохил намуди намудҳои нави варзиш ба рӯйхати Бозиҳои Олимпӣ баъди ба анҷом расидани Бозиҳои Олимпӣ-2016 қабул хоҳад гардид.

Чуноне Елена Логинова қайд менамояд, агар кӯҳнавардӣ ба рӯйхати варзиҳои Олимпӣ дохил гардад, ин метавонад ба рушди ин намуди варзиш таъсири мусбат расонад.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати дохил шудани намуди варзиши кӯҳнавардӣ ба рӯйхати Бозиҳои Олимпӣ Дар Токио ду намуди медалҳо-барои занон ва мардон дар мусобиқа гузошта мешаванд. Аз рӯи кадом бахш (суръат ё мураккабӣ) гузаштани мусобиқа ҳоло маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0