Тоҷикистон ба Кувайт об, мева ва сабзавот интиқол медиҳад

© Sputnik / А. Игнатов / Гузариш ба медиабонкШаҳри Ал-Қувайт. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Ал-Қувайт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин санадҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт, ки соли 1995 ба имзо расида буданд, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил медоданд.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар раъси як ҳайати ҳукумати кишвар дар Доха қарор дорад, бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.

Аснои нишаст ҷонибҳо ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои  гидронэргетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули назар карданд.

Зимнан,  масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии   Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Кувайт бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд

Манбаъ мегӯяд, бо назардошти имконоти бузург ва таҷрибаи давлати Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида, дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар бахшҳои мухталиф амалӣ хоҳанд гашт.

Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими давлати Кувайт шуда, маросими истиқболи расмӣ бахшида ба боздиди расмии роҳбари Тоҷикистон ба давлати Кувайт дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардид.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҳайати расмии Тоҷикистону Кувайт шинос шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Кувайт аввалин кишвари арабист, ки президенти ҶТ ҳанӯз соли 1995 ба он сафар карда буд.

Нахустин ҳуҷҷатҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ба имзо расидаро — ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил медод.

Дар доираи сафари расмӣ ба давлати Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, роҳбарони воломақоми ин кишвар ва доираи васеи соҳибкорону аҳли илму маориф мулоқот анҷом медиҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ инчунин имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0