ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард, иттилоъ доданд дар ҳукумати кишвар.
Бино ба иттилои расмӣ, Қоҳир Расулзода ва Халил Иброҳим Акча масоили ҳамкории байниҳукуматии кишварҳои аъзои созмон бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дурнамои ин муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду тиҷорат ва нақлиётро муҳокима карда, дар шароити кунунӣ рушду тавсеаи муносибатҳоро дар ин соҳаҳо барои кулли кишварҳои аъзои созмон муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон дар минтақа аз кишварҳои авлавиятдоштаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шумор рафта, дар ҳама чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни он фаъолона иштирок менамояд.