ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо роҳбарияти донишгоҳи давлатии техникии Маскав вохӯрӣ доир намуд, иттилоъ медиҳад сафорати ҶТ дар ФР.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкории донишогоҳро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин намудани кишвар бо мутахассосони соҳаҳои гуногуни иқтисод, муҳокима карданд.
Хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия саҳми худро дар тақвият додани ҳамкориҳои ду кишвар мегузоранд ва хоҳанд гузошт, гуфт Сатторов.
Дар Донишгоҳи давлатии техникии автомобилии Маскав зиёда аз 40 аз донишҷӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон илм меомӯзанд.
Сатторов дар рафти вохӯрӣ донишҷӯёнро бо навгониҳо ва лоиҳаҳои ҷадиди ҳукумати кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, ки имрӯз дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, шинос намуд.
Аз ҷумла сафир дар бораи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои нави мошингард, роҳи оҳан, сохтмони пулҳова нақбҳо маълумот дод. Барои татбиқи ҳамин гуна лоиҳаҳо маҳз муҳандисон ва мутахасссисони Донишгоҳи давлатии техникии Маскав лозим ҳастанд, қайд кард ӯ.
Сафир ҳамчунин дар фестивал-озмуни байналмиллалии донишҷӯён, ки чун анъана таҳти унвони "Кишвари ман" баргузор мегардад иштирок намуда, бо намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ шинос шуд.