Панҷ нафар бар асари инфиҷор дар Истамбул захмӣ шуданд

© AP / Emrah GurelМошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби таркиш мониши бомбадор, ки дар назди бинои бошишгоҳи сарбозон дар қисми Осиёии шаҳри бузург гардид. Яке аз захмишудагон дар ҳолати вазнини қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik.  Дар ноҳияи Самандари шаҳри Истамбул таркиш ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи NTV.

Сабаби таркиш мошини бомбадор гуфта мешавад. На кам аз панҷ нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Қайд мегардад, ки мошин дар назди бошишгоҳи сарбозон гузошта шуда будааст. Маҳали садама зери назорат гирифта шуда, ба ҷои ҳодиса мошиин ёрии таъҷилӣ ҳозир шудааст.

Мувофиқи маълумоти шабака яке аз захмишудагон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ду рӯз қабл дар маркази шаҳри Диёрбакир, ки дар ҷанубу шарқи Туркия ҷойгир аст ҳамчунин таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи ин таркиш наздики 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар аввалҳои моҳи май дар шаҳри Ғазиантеп дар назди идораи милитсия инфиҷор ба вуқӯъ пайваст. Баъд байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҷангиён бархӯрди мусаллаҳона шурӯъ шуд. Шаш нафар корманди милитсия захмӣ гардида буданд.

Лентаи хабарҳо
0