ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии аввалини Осиё дар риштаи бокс байни донишҷӯён ҷои якумро соҳиб шуданд.
Мусобиқаҳо аз 3 то 7 май дар шаҳри Душанбе доир гардиданд.
Дар мусобиқа беш аз 100 донишҷӯ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Муғулистон, Тайланд, Тоҷикистон, Турманистон, Чин, Ҷопон ва Эрон ширкат карданд.
Мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи шумораи уммумии медалҳо дар мусобиқа сазовори ҷои аввал гардид. Донишҷӯёни тоҷик 22 ҷоиза-6 медали тилло, 10 нишони нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.
Барандагони медалҳои тилло Бахтиёр Мирзомуҳаммад, Шаббос Негматуллоев, Шаҳром Афсаҳов, Диловаршо Абдураҳмонов, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова мебошанд.
Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Ассотсиатсияи ҷавонони варзишгари донишҷӯи ҷумҳурӣ доир кардаанд.