ВМКБ: журналистон дар ҳузури раиси вилоят аз Ваҳдат мегӯянд

© Sputnik / Амир ИсаевШаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ширкати президент ва роҳбарияти олии кишвар имсол дар маркази маъумурии ВМКБ- шаҳри Хоруғ баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik.  Дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва пешвози 25- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ намояндагон ва роҳбарони нашрияҳо бо сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба ВМКБ сафар карданд, омадааст дар иттилоъияи ИЖТ.

Дар доираи ин чорабинӣ, хабарнигорон аз навоҳии Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим дидан карда, бо сокинони минтақа ва роҳбарони вилояту масъулини ноҳия мулоқот мекунанд.

Маҷмааи табъу нашри Шарқи Озод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси осорхонаи журналистон дар Душанбе дар назар аст

Зимнан, рӯзи гузашта ҳайати журналистонро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба ҳазур пазируфта, дар мавриди дастовардҳои вилоят ва дурнамои рушди ин минтақа маълумот дод.

Дар шаҳри Хоруғ бошад,  таҳти унвони "Саҳми ВАО дар Ваҳдати миллӣ" суҳбати "мизи муддавар" доир гардид. Дар он гузориши директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент Худойбердӣ Холиқназар, муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошорух Асрорӣ, сарвари Академияи ВАО Зинатулло Исмоилзода шунида шуд.

Дар фосилаи чорабиниҳо аёдати собиқадорони матбуот ва суҳбат бо фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва баррасии дигар масоил низ дар назар аст. 

 

Лентаи хабарҳо
0