“Истиқлол” дар бозии Ҷоми AFC-2016 мағлуб гардид

© Sputnik / StringerБозии "Истиқлол"-"Триполи"
Бозии Истиқлол-Триполи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:3 аз мунтахаби Лубнон клуби “Триполи” шикаст хӯрда дар хатти охирон ҷой гирифт.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Клуби футболи Душанбе "Истиқлол" бозии худро дар сабқати Ҷоми  AFC(Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 ба анҷом расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Вохӯрӣ бо қаҳрамони дукаратаи Лубнон барои "Истиқлол"  имкони хубе буд, то ба сандуқи Тоҷикистон имтиёзҳои рейтингӣ дохил кунанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон натавонист тамошобинони худро, ки барои дастгири онҳо ба варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъ омада буданд, дар бозии Ҷоми AFC-2016 шод намоянд"-гуфта мешавад дар иттилоия.

Варзишгарон бо ҳисоби 1:3 аз футболбозони тими "Триполи" шикаст хурданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар шаш бозӣ панҷ маротиба мағлуб гардида дар бозии гуруҳӣ дар ҷои чорум қарор гирифт. Се мақоми аввалро гурӯҳҳои "Нафит Ал-Васат", "Ал-Файсалӣ" аз Иордания ва "Триполи" аз Лубнон соҳиб шуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0