Нашри “Қадаме ба биҳишт” дар нашриёти Сино

© Sputnik / Игорь ЛекаркинНамоишгоҳи панҷуми "Китобҳои Душанбе"
Намоишгоҳи панҷуми Китобҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Китоби нави ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Китоби тозаи нависандаи ҷавон Баҳманёр Муродӣ таҳти унвони  "Қадаме ба биҳишт"-ро нашриёти "Сино" аз чоп баровард.

Ба гуфтаи муаллиф, дар китоби мазкур қиссаву ҳикояҳои тозаэҷод ҷой дода шуда, хонандаро ба дунёи нав ва ҳаёти воқеъии кишвар раҳнамун месозад.

Баҳманёр Муродӣ аз ҷумлаи адибони ҷавони тоҷик аст, ки ба навиштаҳояш устодони насри муосири тоҷик аз қабили Сорбон, Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ҷонибек Акобир, Мирзо Шукурзода ва дигарон баҳои мусбат додаанд.

Навиштаҳои Баҳманёр ҳанӯз аз синни нӯҳсолагӣ дар матбуоти даврӣ чоп мешаванд. Соли 2008 Ҷоизаи адабии "Падида" ва соли 2015 Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиётро сазовор гардидааст.

Ӯ ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Садорати ин иттиҳодияи эҷодӣ буда, алъон дар АМИТ "Ховар" фаъолият дорад.

Лентаи хабарҳо
0