Дар ҷашн сафирҳои ФР ва Қазоқистон, ҳамчунин командири пойгоҳи 201-ум полковник Денис Лямин ширкат варзиданд.
Баъди маросими расмӣ низомиёни пойгоҳи 201-ум ҳамроҳи аҳлу оилаашон бо суратҳои бобоёну хешу ақрабояшон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд, дар роҳпаймоҳии "Полки Ҷовидон" иштирок карданд.
Рӯзи ҷашнӣ дар пойгоҳи 201-ум бо консерти идона ва баромади қисмҳои тафтишот бо технатаи ҳарбӣ анҷом ёфт.

1/14
© Sputnik / Stringer
Чун анъана ҷашнгирии рӯзи Ғалаба дар пойгоҳи 201-ум бо гузоштани гулчанбар ба назди ёдгории афсарон шурӯъ шуд.

2/14
© Sputnik / Stringer
Посбонони ҷашн хонандагони мактаб буданд.

3/14
© Sputnik / Stringer
Соли гузашта дар қаламрави пойгоҳ сохтмони осорхонаи шарафи ҳарбӣ оғоз гардид. 9 май маросими кушодашавии ин осорхона буд.

4/14
© Sputnik / Stringer
Дар осорхона ба меҳмонон тарҳи ҷанги саҳнаи соли 1944 ҷанги аз муҳосира озод кардани Гатчина нишон дода шуд.

5/14
© Sputnik / Stringer
Паради ҷашнӣ бахшида ба рӯзи Ғалаба.

6/14
© Sputnik / Stringer
Яке аз маросими хотирмони ин ҷашн қадамзании ҳарбиёни ҷинси латиф буд.

7/14
© Sputnik / Stringer
Муҳассилини пойтахт низ дар ҷанши рӯзи Ғалаба иштирок карданд.

8/14
© Sputnik / Stringer
Баъди парад низомиён бо аксҳои қаҳрамонони худ-бобоёну хешу ақрабояшон, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд роҳпаймоӣ намуданд.

9/14
© Sputnik / Stringer
Командири пойгоҳи 201-ум Денис Лямин қайд намуд, ки ҷашни Ғалаба таҷассумгари муборизаи беамони афсарону сарбозони қаҳрамон аст.

10/14
© Sputnik / Stringer
Баромадҳои низомиёни пойгоҳи 201-ум.

11/14
© Sputnik / Stringer
Қисмҳои алоҳидаи тафтишотӣ бо иштироки техника амалиётҳои махсус нишон доданд.

12/14
© Sputnik / Stringer
Дар охир консерт ва рақсу бозӣ ба тамошобинон пешкаш гардид.

13/14
© Sputnik / Stringer
Дар ин рӯз иштирокчиёни хурдтарини ҷашн бо техникаҳои ҷангӣ аз наздик шинос шуданд.

14/14
© Sputnik / Stringer
Ба кӯкадон ҳатто иҷозат дода шуд, то яроқро ба даст бигиранд. Албатта зери назорати калонсолон.