Президенти Афғонистон вориди Душанбе шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВохӯрии Эмомали Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар Уфа, 9 июли соли 2015.
Вохӯрии Эмомали Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар Уфа, 9 июли соли 2015. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ аз пружаҳои муҳими иқтисодӣ барои ин Душанбе ва Кобул маҳсуб мегардад.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Субҳи имрӯз раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашрафғанӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президенти ҶТ.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе оқои Ашрафғаниро нахуствазири  Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардида, натиҷаи  мулоқоти сатҳи олӣ муҳимтарин самтҳои ҳамкории дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъйин менамоянд.

Игор Лякин-Фролов сафири ФР дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Лякин- Фролов: авзоъи Афғонистон бадтар шуда истодааст

Ба иттилоъи манбаъ, Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар он масоили вобаста ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар баррасӣ мешаванд, ба ҳайси ташаббускори аслӣ ва пешбарандаи мавзӯъҳои марбут ба ҳалли қазияи Афғонистон эътироф шудааст.

То имрӯз байни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 80 санади ҳамкории дуҷониба, ки бахшҳои мухталифро фаро мегиранд, ба имзо расида, тайи солҳои охир ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар афзоиш ёфтааст.

Манбаъ меафзояд, табодули амвол миёни Тоҷикистону Афғонистон дар 11 моҳи соли гузашта 104,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 52,8 миллион доллар содирот ва 51,6 миллион доллар воридот мебошанд.

Татбиқи барномаҳои бузурги роҳҳои мошингард ва оҳан, лӯлаҳои об ва  газ, хатҳои интиқоли барқ эҳёи воқеии Роҳи бузурги абрешим гардида, нақши транзитӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии ду кишвари дӯстро ба сатҳи комилан нав мебароранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони ҳамсоякишвари Афғонистон ҳамасола 50 бурсияи давлатӣ ҷиҳати таҳсил ҷудо мекунад ва дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 234 шаҳрвандони Афғонистон таҳсил доранд.

Татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ аз лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ барои ин ду кишвар маҳсуб гардида, Душанбе ва Кобули расмӣ дар самти муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва тақвияти сарҳад ҳамкориҳои муштаракро ба роҳ мондаанд. 

 

Лентаи хабарҳо
0