Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ то 5 дарсад боло рафт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкНуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Акс аз бойгонӣ
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола дар мавсими киштукори баҳорӣ дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ боло рафта, мушкилоти кишоварзон ва кормандони дигар бахшҳои саноатро ба миён меорад.

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Тайи ду ҳафтаи ахир нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5% боло рафт.

Агар аввали моҳи апрел 1 литр бензини навъи Аи-92 дар сатҳи 4,90 сомонӣ фурӯхта мешуд, пас аллакай аввали моҳи майи нархи он 6% афзуда, ба 5,20 сомонӣ расид. Аввали моҳи май сӯзишвории дизелӣ ба ҳисоби миёна бо нархи 4,70-4,80 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешавад, ки афзоиши нарх ба 5% баробар аст.

Маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишвории дизелӣ аз нархҳои ҷаҳонӣ 5% арзон аст

Ба ғайр аз мавсимӣ будани ин омил, ба ин ҳолат ҳамчунин болоравии аксизҳо ба сӯзишворӣ дар Русия аз 1 апрел низ таъсир мерасонад. Аз 1 апрел ва то охири сол ҳукумати Русия меъёри андози аксизӣ ба бензин, сӯзишвории дизелӣ, авиакеросин ва дигар дистилярҳои сабукро ба ҳисоби миёна 2-3% боло бурд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Русия яке аз таҳвилгарони асосии маҳслуоти нафтӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2015 ба Тоҷикистон 972,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки аз ин миқдор 215,1 ҳазор тоннаашро бензин, 211,9 ҳазор тоннаашро сӯзишвории дизелӣ, 60 ҳазор тоннашро сӯзишвории авиатсионӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлили коршиносон аз ин ҳаҷми воридшуда ҳиссаи Русия муодили 546 ҳазор тонна ё худ 63,2% аз ҳаҷми умумии воридот баробар аст.

© SputnikБозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир
Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир - Sputnik Тоҷикистон
Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир

Лентаи хабарҳо
0