ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бо тими "Триполи"-и Лубнон сабқат мекунад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, вохӯрии ин ду тим рӯзи 10-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) соати 19:00 баргузор мегардад.
Қаблан моҳи марти соли равон дастаи "Истиқлол" аз тими "Триполи"-и Лубнон бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрда буд.
Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар мусобиқоти "Ҷоми КФО-2016" дар гуруҳи "В" бо дастаҳои "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ кард. Ҳоло "Нафт ал-Васат" бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" 8 имтиёз садрниши ҷадвали гуруҳашон буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. "Истиқлол" бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.
Бо шикаст хӯрдан аз тимҳои "Нафит ал-Васат" ва "Ал-Файсал" дастаи "Истиқлол" шонси берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод.