Низомиёни пойгоҳи 201 танки ИС-2-ро дар Душанбе аз нав барқарор карданд

Обуна шудан
Ҳамасола рӯзҳои аввали моҳи май низомиёни пойгоҳи 201 мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, танки ИС-2-ро, ки дар майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз нав барқарор мекунанд.

Ҳамасола бо иштироки гурӯҳи "Хотира-201"-и пойгоҳи 201-ум танки ИС-2, ки дар давоми 30 сол дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз нав барқарор карда мешавад. Ин танк дар фронти Дуюми Белорус ҷангидааст.

То ҳол дар тани танк нақши тирҳо барҷо мондаанд. Баъди ҷанг танк ба пойгоҳи 201 оварда шуд ва баъди 40 соли Ғалаба бошад дар маркази шаҳри Душанбе ҷой дода шуд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0