ДУШАНБЕ, 6 май- Sputnik. Рӯйхати номзадҳо ба "Филми беҳтарини Осиёи Миёна", ки дар доираи ҷоизаи кино "Ак илбирс" доир мегардад маълум гардид, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба масъули лоиҳа Чолпон Идрисов.
Маросими ҷоизасупории "Ак илбирс" рӯзи 13 май дар кинотеатри "Манас" баргузор мегардад.
Ба гирифтани ҷоизаи "Филми беҳтарини Осиёи Миёна" се намоишнома пешниҳод шудаанд.
Тоҷикистон бо намоишномаи "Сафари ҳавоӣ"-и коргардон Далер Раҳматов муаррифӣ мешавад.
Мувофиқи намоишнома, дар як деҳаи дурдасти Тоҷикистон балони ҳавоӣ парвоз карда меояд. Дар дохилаш Жан-марди фаронсавӣ, ки ба сокини маҳаллии ҳамин деҳа Сафар хеле монанд аст ҷой гирифтааст. Сафар чӯпон аст ва орзӯи сартарош шуданро дорад. Барои ёд гирифтани ин касб ӯ мӯи бузҳои мардумро паст мекунад ва мардуми маҳаллӣ барои ин бо ӯ хархаша мебардоранд.
Номзадҳои дигари ҷоиза, филми зери унвони "Шалаш"-и Кенҷебек Шайкаков аз Қазоқистон, ва ҳамчунин филми ташкили муштараки Узбакистон-Эстония-Русия бо номи "Хона барои парии дарёӣ" (Дом для русалок)-и коргардони Елкин Туйчиев мебошанд.
Соли гузашта ғолиби фестивали "Филми беҳтарини Осиёи Марказӣ" намоишномаи коргардони қазоқӣ Одилхон Ержанов таҳти унвони "Соҳибхонаҳо" гардида буд.
Ҷоизаи "Ак илбирс" соли 2012 ташкил шудааст. Ҳамасола барои дастоварди беҳтарин дар соҳаи синамои Қирғизистон ҷоизаи "Ак илбирс" ба беҳтарин намоишнома супорида мешавад.