Сарвазири Туркия ба истеъфо рафт

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкСарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу. Акс аз бойгонӣ
Сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Туркия мехоҳад ба Қонуни асосии кишвар тағйирот ворид карда, мақоми худро дар курсии роҳбарӣ тақвият бахшад.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Рӯзи гузашта нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу санади   истеъфояшро ба президент Раҷаб Таиб Эрдуғон ирсол кард ва бо ин роҳи раисиҷумҳур ба тамаркузи қудрат ҳамвор шуд.

Ба иттилоъи расонаҳои туркӣ, қарор аст, то рӯзи 22 май истеъфои Довудоғлу пазируфта шавад, зеро дар ин рӯз ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққиёти Туркия"  бояд дар анҷумани худ раиси навро интихоб кунад.

Даъвати нахуствазири Туркия барои азсаргирии ҳамкории низомӣ бо Русия

Коршиносон мегӯянд, ихтилофҳои аслии нахуствазир ва президент дар масъалаи тарзи бархӯрд бо ҷангиёни курд дар ҷанубу шарқи Туркия рӯ зад. Оқои Аҳмад Довудоғлу дар бораи эҳтимоли созиши сулҳ бо курдҳо ҳарф зад, вале раисиҷумҳур гуфт, бояд танҳо аз роҳи низомӣ пеш рафт.

Зимнан, Раҷаб Таиб Эрдуғон мехоҳад ба Қонуни асосии Туркия тағйирот ворид карда, мақоми худро дар курсии президентӣ тақвият бахшад.

Ҳафтаи гузашта як кумитаи парлумонӣ тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки вакилони парлумонро аз масуният маҳрум мекунад. Эрдуғон, ки тарафдори ин қонун аст, тарафдори аз рӯи иттиҳомоти терроризм ба ҷавобгарӣ кашида шудани вакилони тарафдори ҳизби Коргарии Курдистон (ҲКК) мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0