ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Дар пойтахти Узбакистон қаҳрамонии Осиё аз рӯи вазнбардороӣ барои ба даст овардани иҷозатномаҳо ба Бозиҳои олимпии Рио баргузор гардид.
Тоҷикистонро дар ин сабқат Сунатулло Оев дар вазни (56 кг), Рустам Назаров (62 кг), Хуршед Тураев (69 кг), Абдуҳаким Ҳақбердиев (69 кг), Илҳом Шукуров (77 кг) ва Асомуддин Сангов (85 кг) муаррифӣ намуданд.
Мувофиқи натиҷаи мусобиқа Сунатулло Оев дар вазни (100 кг)дар ҷои 18 қарор гирифта, Рустам Назаров дар ҳамин вазн мақоми 17-умро соҳиб шуд. Хуршед Тураев (112 кг) дар ҷои 19, Абдуҳаким Ҳақбердиев (100 кг) дар ҷои 22 ва Асомуддин Сангов (120 кг) мақоми 16-умро соҳиб шуд.
Дар ҳисоби умумии мусобиқа барои гирифтани иҷозатнома ба Бозиҳои олимпӣ мунтахаби Тоҷикистон ҷои 12-умро соҳиб шуд. Иҷозатномаҳо бошад ба ҳафт кишвари ғолиб-Ҷопон, Ироқ, Малайзия, Қирғизистон, Сурия, Ҳиндустон ва Туркманистон супурда шуданд.
Дар мусобиқа зиёда аз 300 вварзишгар аз 19 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Варзишгарон аз рӯи 8 вазн (мардон) ва 7 вазн (духтарон) баргузор гардида,варзишгарон барои ба даст овардани 13 иҷозатнома рақобат намуданд.
Беҳтаринҳо 7 нафар аз бйни мардон ва 6 нафар аз байни ҷинси латиф соҳиби иҷозатномаи деринтизори Рио гардиданд.
Иҷозатномаҳо насиби варзишгарони гурӯҳҳои Топ-7 барои мардон ва Топ-6 барои духтарон дода шуданд. Иҷозатнома ба гурӯҳи ҳар як давлати ғолиб дода шуд ва иштирокчии асосӣ аз ҷониби ҳайати мураббиёни ин ё он кишвар маълум карда мешавад.