ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби кормандони мақомоти умури дохилӣ шахсе боздошт гардид, ки дар дуздии телефони мобилии гаронарзиш гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Файзободро, ки қаблан бо моддаи 248 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
"Гумонбаршуда рӯзи якуми май пинҳонӣ вориди нуқтаи шустушӯи нақлиётҳо, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, як адад телефони мобилии тамғаи "Айфон-6"-ро, ки ба марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дуздидааст. Арзиши телефони дуздидашуда 5500 сомониро ташкил медиҳад",- менависад сомонаи ин ниҳод.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.