https://sputnik.tj/20160429/1019449008.html
Бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфтанд
Бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Тими духтаронаи Тоҷикистон дар бозии минтақавии Осиё-2016 аз байни наврасони то 14 сола ба нимфинал баромад. 29.04.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-04-29T15:05+0500
2016-04-29T15:05+0500
2021-04-19T16:19+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101944/61/1019446153_0:0:1201:678_1920x0_80_0_0_d6b29e6b6e70fcba7774b34d0efc6568.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101944/61/1019446153_0:0:1127:708_1920x0_80_0_0_2e3b9f21f14eb990aba32aeb6cc1a8f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, бозӣ, рақобат, пирӯзӣ, қаҳрамонии осиё оид ба футбол
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, осиёи марказӣ, ҳамаи хабарҳо, бозӣ, рақобат, пирӯзӣ, қаҳрамонии осиё оид ба футбол
Бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфтанд
15:05 29.04.2016 (Навсозишуда: 16:19 19.04.2021) Тими духтаронаи Тоҷикистон дар бозии минтақавии Осиё-2016 аз байни наврасони то 14 сола ба нимфинал баромад.
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар даври бозии охири гурӯҳи "А" футболбозони мо бо дастаи Қирғизистон вохӯрда бозиро мусовӣ — 1:1 анҷом доданд.
Ҳамин тавр дар гурӯҳи "А" мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Бутан бо се хол дар зинаи сеюм ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин-чорум қарор гирифтанд.
Тими Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби бузург 9:0 шикат дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "В" мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дуввум ҷой гирифт. Непал бидуни имтиёз дар ҷои охирон қарор дорад.
Ҳамин тавр бозиҳои ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозингарони синнашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи шанбеи моҳи апрел баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе, тимҳои Эрон ва Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи "Истиқлол", дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор рақобат мекунанд.