ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Русия Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиёро (ИИА) бо дигар низомҳои ҳамгироӣ мухолиф намекунад ва омода аст, ки барои созгории ҳамгироӣ кӯшиш ба харҷ диҳад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров.
Ба қавли вазири Русия, мантиқи "ҷудонопазирӣ" натанҳо ба амният, балки ба фазои иқтисодии глобалӣ низ дахл дорад. Сергей Лавров қайд намуд, ки маҳз бо чунин фалсафа дар қиёс бо дигар эътилофҳо аъзоёни лоиҳаи ИИА кор ва фаъолият мекунанд.
"Мо ИИА-ро бо дигар низомҳои ҳамгироӣ мухолиф намекунем ва омодаем ки барои созгории ҳамгироӣ кор кунем", гуфт Лавров зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё дар Пекин.
Вазири умури хориҷии ФР гуфт, ки кӯшиши муштарак ба сӯи "ҳамгиройии ҳамгироӣ" ва лоиҳаҳои бузурги миллию фаромарзӣ имкониятҳои васеъи самаранокро фароҳам меорад.
"Дар ҳамин ҳол махсусан шартномаи Русияву Чин оиди ҳамгироӣ ва консепсияи Роҳи иқтисодии абрешим ва ҳамчунин ташаббуси ташаккули ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ ба воситаи ИИА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай-АСЕАН" оид ба баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобила нақши муҳим дорад.
Ӯ қайд намуд, ки ин масъала дар ҷаласаи сарони икшварҳои АСЕАН, ки дар Сочи баргузор мегардад мавриди муҳокима қарор мегирад.