ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, ки дар байни муутахассисони ин намуди варзиш баргузор шуд, дар АМА ширкат варзиданд.
Дар Абу-Даби (АМА) чемпионати ҷаҳон аз рӯи ҷиу-ҷитсу дар байни мутахассисони ин соҳа таҳти унвони "Abu Dhabi World Youth Jiu-Jitsu Championship-2016" сурат пазируфт.
Сабқат аз рӯи вазнҳои гуногун доир гардид. Дар мусобиқа миёни калонсолон варзишгари машҳури тоҷик Комил Боймуродов ширкат варзид.
"Қабл аз мусобиқа дар тамринҳои омӯзишӣ дар АМА дар гурӯҳи Team Nogueira машқ кардам. Интизори медали тилло будам, вале бо сабаби баҳогузории нодурусти довар чунин нашуд. Дар мубориза бо варзишгари бразилиягӣ ман натавонистам ба зудӣ ӯро мағлуб намоям, аммо аз ҷиҳати фаъол будан аз ӯ пешсаф будам, бо вуҷуди ин довар ғолибиятро ба рақибам дод. Дар баробари ин Ардамеҳр Собиров дар гурӯҳи варзишгарони 12- сола ҷои аввал гирифта, Салмон Имомзод дар байни варзишгарони ҷавон соҳиби медали биринҷӣ гардид",- изҳор дошт варзишгар.
Ёдовар мешавем, ки Комил Боймуродов дар баробари фаъолияти варзишӣ, мураббӣ низ ҳаст. Дар мусобиқаи қаблӣ —қаҳрамонии Тоҷикистон ӯ дар вазни 75 кг мақоми аввалро соҳиб шуд, ҳамчунин шогирдонаш Фаррух Боймуродов (65 кг), Абубакр Боймуродов(45 кг), Навруз Камолов(60 кг) ва Довуд Аҳёев қаҳрамони ин намуди варзиш гардиданд.
Ҷиу-ҷитсуи брозилӣ, санъати муборизаи тан ба тан болои гилеми варзишӣ буда, ҳамчунин аз усулҳои гуногунро дар бар мегирад. Ин намуди варзиш аввали асри ХХ дар асоси ҷудои (дзюдо) Кокодан, ки намуди варзиши мустақили ҷавон (соли 1882 таъсис ёфт) мебошад, аз ҷониби як қатор мактабҳои ҷиу-ҷитсуи ҷопонӣ таъсис ёфтааст.