Шаҳрванди Қазоқистон 2,5 сол дар зиндон мемонад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкБоздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Боздоштгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳкумшуда борҳо кӯшиши ба Сурия рафтанро барои иштирок дар амалиётҳои ташкилоти террористӣ карда буд. Парванда бо шартҳои вижа баррасӣ мешавад, зеро гумонбар пурра ба гуноҳи худ иқрор гардид.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Додгоҳи низомии Қафқози шимолӣ рӯзи чоршанбе шаҳрванди Қазоқистонро, ки бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад ба ду сол ва шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард, иттилоъ медиҳад хабарнигори РИА Новости аз додгоҳ.

Парванда бо шартҳои вижа баррасӣ шуд, зеро гумонбар Вазген Заргарян, ки муваққатан дар Ростови лаби Дон умр ба сар мебурд, пурра ба гуноҳи худ иқрор гардид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард

Додгоҳ ӯро бо иттиҳоми  "омодагӣ ба иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳонаи кишвари хориҷ, ки мухолифи қонунгузории он давлат буда, бар хилофи манфиатҳои ФР аст" ва ҳамчунин барои омодагӣ ба иштирок дар амалиётҳои террористии созмони тундрав айбдор намуд.

Бино ба маълумоти муфаттишон айбдоршаванда борҳо кӯшиши ба Сурия рафтанро бо мақсади ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи ҷиноятпеша карда буд.

Шаҳрванди Қазоқистон бо иштирокчиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ тамос барқарор намуда, хатсайрҳои Русия ва Сурияро омӯхтааст.

Тибқи маълумоти муфаттишон охири моҳи ноябри соли 2014 муттаҳам мустақилона чиптаи хатсайри Бишкек- Истамбулро харидорӣ намуда, ҳамгоми парвоз ба Истамбул аз Туркия ихроҷ гардида, ба Бишкек бозгардонида шуд.

Номбурда соли 2015 бори дигар азми сафар карда, парвоз намуд, вале ин дафъа ӯро ба Маскав баргардониданд. Моҳи июн ӯ нақша дошт, тавассути Гурҷистон ба Туркия ва баъд ба Сурия сафар намояд. Ҳамин тавр, 22 июн ин сарусадо бо боздошти Заргарян дар Ростови лаби Дон ба анҷом расид.

 

Лентаи хабарҳо
0