Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкСарҳадбонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарҳадбонони Тоҷикистон як ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз Афғонистон, ки вазни умумии он 65 кг-ро ташкил дод пешгирӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шаби душанбеи гузашта дар ҷануби Тоҷикистон бархӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ба вуқӯъ пайваст.

Гурӯҳи қочоқчиёни афғонистонӣ иборат аз 16 нафар кӯшиши убури марзи Тоҷикистонро карданд.

Дар натиҷаи бархӯрди сарҳадбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон ду ҷинояткор нобуд карда шуда, се тани бигар маҷрӯҳ гардиданд.

Боқимонда марзшиканон аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти ҶТ, дар ҷои ҳодиса 60кг ҳашиш, 5кг афюн, як адад автомати Калашников, 3 мағоза, 80 тир ва норинҷаки дастӣ дарёфт гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0