Бордюжа: ФР метавонад ба Тоҷикистон то 15 ҳазор низомӣ интиқол диҳад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкНишасти матбуотии дабири кулли СПАД Николай Бордюжа
Нишасти матбуотии дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа изҳор дошт, ки айни ҳол дар Афғонистон то 10 ҳазор аъзои гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” қарор доранд ва эҳтимоли ба бор овардани хатарро ба Тоҷикистон доранд. .

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Афғонистон мушкилоти бузургтарин барои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба шумор меравад. Бо чунин изҳорот имрӯз дар нишасти матбуотӣ дабири кулли СПАД Николай Бордюжа баромад кард.

Ба гуфти ӯ, авзоъи Афғонистон рӯз то рӯз нооромтар мешавад ва сарбозони СММ, ки бояд ба ором намудани фазои кишвар таъсир расонанд, баръакс мушкилотро бештар мекунанд.

Рамзи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст

"Тибқи маълумотҳои мо дар қаламрави Афғонистон наздики 10 ҳазор ҷангии ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) қарор доранд. Албатта мо аз ин ҳодиса нигарон ҳастем ва ҳамаи имкониятҳоямонро барои ҳифзи яке аз кишварҳои аъзои СПАД- Тоҷикистон истифода хоҳем кард",- изҳор дошт Николай Бордюжа.

Ӯ қайд намуд, ки чанд моҳ қабл шумораи ҷангиёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон камтар буд. Вале мавҷуд набудани ҷои кору фаъолият мардумро ба ҷое, ки маблағ медиҳанд, ҷалб менамояд.

Марзи муштараки миёни Афғонистону Тоҷикистон 1300 км тӯл дорад. Дар ояндаи наздик минтақаи сарҳадӣ ба тартиб оварда мешавад. Аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки ҳар як километри қаламрави кишварро дақиқ аз назар мегузаронад. Дар ин ҳудудҳо сохторҳои вижа, пойгоҳҳои сарҳадӣ ва ғайраҳо ҷой дода хоҳанд шуд.

"Дар мавриди зарурӣ Русия дар доираи барномаи СПАД омода аст ба Тоҷикистон то 15 ҳазор низомиро интиқол диҳад. Чунин тамринҳоро дар омӯзишҳои соли гузашта, ки 2,5 ҳазор сарбозон  ва афсарони Русия ширкат доштанд, омӯхтанд",- қайд намуд Николай Бордюжа.

Албатта, дигар аъзоёни СПАД низ барои кӯмак ба Тоҷикистон омодаанд.

Дар баробари ин дабири кулли СПАД иброз дошт, ки гузаронидани тамринҳо хуб аст, вале ин барои ҳалли мушкилот ҳеч таъсир нахоҳад дошт, бояд Афғонистонро ором кард. Бидуни ин ба Тоҷикистон ҳамеша хатар таҳдид хоҳад кард.

"Имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонони Афғонистон дар Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷ таҳсили илм доранд. Ҳамин ҷанбаро бояд рушд дод, бояд мушкилоти иҷтимоиро ҳал кард, ба мардум ҷойҳои кор муҳайё намуд. Танҳо дар ин сурат дар Афғонистон суботу оромӣ мешавад",- афзуд оқои Бордюжа.

Тибқи маълумоти дабири кулли СПАД феълан дар қатори террористони "ДИИШ" зиёда аз 1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дохил ҳастанд.

СПАД —ташкилоти байналмиллалии минтақавӣ буда, барои таъмини амнияту субот дар асоси дастаҷамъӣ, нигоҳ доштани истиқлолият ва якпорчагии ҳар як аъзои СПАД амал мекунад. Дар ҳоли ҳозир Ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ кишварҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус шомиланд.

Тамринҳои омӯзишии СПАД дар Тоҷикистон аз 18 то 22 апрел гузаронида шуданд. Низомиён тарзҳои иктишоф ва  нобуд сохтани душмани шартиро машқ карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0