ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Шоҳмотбоз аз Тоҷиикстон- Фаррух Амонатов дар мусобиқаи 10-уми байналмиллалӣ бахшида ба нахустин "гроссмейстер"-и Узбакистон Георгий Агзамов, ки дар Тошканд баргузор меградад, дар ҷои аввал қарор дорад, иттилоъ медиҳад Кумитаи миллии Олимпии ҶТ.
"Гроссмейстери тоҷик дар 7 бозӣ 6 пирӯзиро ба даст оварда, дар байни рақибони худ- шоҳботбозони машҳури Арманистон-Тигран Петросян, Қазоқистон-Муртаз Кажгалеев, Озарбойҷон- Рауф Мамедов ва дигарҳо бо 0,5 хол пешсаф аст",- гуфта мешавад дар иттилоъия.
Қайд мешавад, ки дар мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт шоҳмотбоз муаррифӣ мекунанд.
Мукофоти мусобиқа 20 ҳазор долларро ташкид медиҳад. Дар умум 12 ҷоизаи ҳавасмандкунӣ муайян гардида, дар интиҳо бонувони шоҳмотбоз, наврасон, духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Қаҳрамонони мусобиқаи ба номи Георгий Агзамов, шурӯъ аз сабқати аввал то имрӯз шоҳмотбозони маъруфи кишварҳои гуногуни олам гардида, дар қатори онҳо гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов низ ҷой дорад.