ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сармураббии собиқи дастаи футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев айни ҳол ба ҳайси ёрдамчии сармураббии "Ордабаси"-и Шимкент (Қазоқистон), ки даври аввали мусобиқаро бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намуд, фаъолият мекунад.
"Ба ман пешниҳоди кор шуд, он ба назарам шавқовар намуд ва ман ин қадами навро дар ҳаёт гузоштам. Яке аз меъёрҳои асосии фаъолияти ман кӯмак ба тим барои баромадан ба Лигаи Аврупо мебошад. Ба ғайр аз ин бо чемпионати нав дар кишвари ҷадид шинос мешавам. Зиёда аз ин дар вақтҳои охир дастаи Қазоқистон дар қиёс ба солҳои қаблӣ ба нишондодҳои хуб ноил гашта истодааст"- иброз дошт сармураббии собиқи мунтахаби ҶТ.
Дар ҳоли ҳозир вазифаи сармураббии "Ордабаси"-и Шимкентро Бахтиёр Бойсаидов ба зимма дошта, ёрдамчиёнаш мутахассиси сербиягӣ Небойша Топалов ва Мӯҳсин Муҳаммадиев мебошанд.
Муҳамммадиев ва Топалов ба ҳайатитими мураббиёни Бахтиёр Бойсаидов охири августи соли 2015 шомил гардиданд. Собиқ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон бо тим машқҳои самаранок доир намуда, "Ордабаси"-ро ба бозиҳои нав омода кард.
Маврид ба ёдоварист, ки чемпионати 2016-ро даста бо нишондоди хуб шурӯъ кард. Ҳоло тим баъди шаш бозӣ, ки дар сетои онҳо ғолиб гардида буд, бо 10 имтиёз дар зинаи чорум ҷой гирифтааст.
Дар даври 6-уми мусобиқа "Ордабаси" бозиро бо ҳисоби начандон бузурги 1:0 ба дастаи "Кайрат" бохт.
Муҳаммадиев дастпарвари футболи тоҷик буда, бо бозиҳояш дар тимҳои "Помир", "Локомотив", "Спартак"-и Маскав ва ҳамчунин "Аустриу"-и Вена машҳур аст.
Ӯ ба ҳайси сармураббии "Витяз"-и Подолск, директори бошгоҳи варзишии "Рубин" ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон фаъолият намудааст. Баъди ба истеъфо рафтанаш аз дастаи футболи Тоҷикитсон Муҳаммадиев пешниҳоди Бахтиёр Бойсаидовро барои ба ҳайати мураббиёни Қазоқистон дохил шудан пазируфт.