ВАО: артиши Афғонистон аз ҳамлаи “Толибон” ҷилавгирӣ кард

© AP / Massoud HossainiҚувваҳои низомии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Қувваҳои низомии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наздики 16 ҷангӣ дар пайи бархӯрд бо мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардоштанд, мегӯяд вазорати мудофиаи кишвар. Дар бораи захмиён миёни артиши ҷумҳурӣ маълумот дода намешавад.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Неруҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон"-ро дар пойгоҳи низомӣ дар вилояти Фараҳи қисми ғарбии кишвар зада баргардонидан, ки дар натиҷа 20 ҷангии созмони тундрав кушта шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Khaama Press.

Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳамгоми мубориза бо ҷангиёни ДИИШ дар Нангарҳор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Афғонистон тайи як шабонарӯз 40 ҷангӣ нобуд карда шуд

Бино ба иттилоъи вазорати мудофиаи Афғонистон ҳамла бо дастгирии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии (НҲҲ) кишвар пахш карда шуд. Ҳамчунин маълумот дода мешавад, ки ҳамгоми бархӯрд на камтар аз 16 террорист захмӣ гардиданд. Дар бораи теъдоди маҷрӯҳон аз миёни неруҳои ҳукуматӣ хабар дода намешавад.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0