Эълони ҷоизаи президент ба беҳтарин маорифчиёни Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкХонандагони синфи якуми мактаби рақами 16 дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Хонандагони синфи якуми мактаби рақами 16 дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоиза дар бахши маориф дар рӯзи таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби президент ба ғолибон эҳдо хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ҷоизаи президенти  дар соҳаи маориф дар соли 2016 озмун эълон намуд.

Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Сочи. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоиза медиҳад

Ба иттилоъи расида, ба Ҷоизаи президент  дар бахши маориф мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мақомоти роҳбарикунандаи маориф, кормандони идора ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, кормандони Академияи илмҳои педагогӣ, ки дар раванди таълиму тарбия комёбиҳои барҷаста ба даст овардаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Ҷоиза аз 5 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба баргузор шуда, он аз ҷониби раисҷумҳур дар арафаи ҷашни Рўзи Истиқлолияти давлатӣ  супорида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0