Ғорати телевизорҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ

© Flickr \ Matthew HurstТелевизорҳо. Акс аз бойгонӣ
Телевизорҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши умумии телевизорҳои дуздидашуда ҳудуди 32.000 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Чанде қабл ва инак моҳи апрел ба коргоҳи ҶДММ "ТБТ АНТО", воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ду маротиба дузд даромада, дар маҷмӯъ 80-адад телевизорҳои тамғаи "ТСЛ"-и корхонаро рабудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Арзиши умумии телевизорҳои дуздидашуда 32. 000 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар робита ба далели дуздии мазкур ҷавонони 22 ва 23-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.

Дар қиболи боздоштшудагон бар пояи моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0