ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Соли гузашта дар чорабинӣ (аксия) 12 миллион шаҳрвандони Русия иштирок намуданд. Имсол мубтакирони тарҳи мазкур интизори шаҳрвандони бештар ҳастанд.
Ба қавли Земтсов, муносибати одамон ба ин ҳаракат аз он дарак медиҳад, ки мардум дар ҷустуҷӯи рӯҳияи олӣ ва мувофиқи замон ҳастанд. Ташвишҳои ҳаррӯза, ки қисми зиёди ҳаёти инсониятро ташкил медиҳад, мардумро ба ҷашнҳои бузург муҳтоҷ менамояд. Ҷашни Рӯзи Ғалаба аз ҳамин қабил аст.
"Маълум, ки ғолибият бар фашизм, ин воқеаъи хеле бузург аст ва пайвандону наздикони собиқадорони ҷанг, ки дар тамоми гӯшаю канори дунё паҳн шудаанд, бо тамоми ҳастияшон мехоҳанд дар аксия ширкат варзанд. Онҳо мехоҳанд худро давомдиҳандаи ин кори бузург эҳсос намоянд. Бобои онҳо, собиқадори онҳо, ин нуқтаи васлкунӣ бо ҳамон ҳодисаи ҷаҳонӣ мебошад",-гуфт Земтсов.
Ба назари роҳбари ҳаракат, "Полки ҷовидон"-ин тӯҳфа барои кӯдакон ва рамзи зинда будани иртибот миёни наслҳо аст. Онҳо муносибат ва эҳтироми калонсолонро ба ин ҷашнвора дида, худ онро эҳтиром мекунанд.
Насли сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо дар тамоми минотиқи дунё умр ба сар мебаранд. Ин-асоси "Полки ҷовидон" аст, аммо ба ӯ ҳамчунин эътилофи зиддигитлерии Сербистон ва Булғористон ҳамроҳ мешаванд. Имсол полк дар Белград, Юнон ва Исроил раҳпаймоӣ мекунад. Чин дар давраи ҶБВ низ талафоти бузург дид, сокинони Поднебес низ дар ҳаракти полк иштирок хоҳанд кард.
"Мамлакатҳое, ки мехоҳанд хотираи сарбозонашонро ҷовидонӣ гардонанд бо мо ҳамроҳ мешаванд. Аксия сарҳади худро фарох намуда, мавқеи ҷаҳонӣ пайдо мекунад ва ҷомеаъро устувортар мегардонад. Одамон дар ин рамзи махсусро мебинанд",-қайд намуд Земтсов.
Адолати таърихӣ талаб менамояд, ки исми ҳар як сарбози ғолиб, аз миллатҳои мухталиф, намояндагони динҳои гуногун, ки Русия, Белорус, Озарбойҷон, Арманистон ё Қазоқистону Қирғизистон, Малдова, Тоҷикистон ва Узбакистонро ватани худ меҳисобанд, пос дошта шавад, мегӯянд ташкилкунандагони ҳаракати ҷамъиятӣ. Бигзор дар таҷлили Рӯзи Ғалаба ҳамаи онҳо, моро дар ҳаракати "Полки ҷовидон" ҳамроҳӣ намоянд.
Технологияҳои замонавӣ ба ташкилкунандагон кӯмак мекунанд.
"Мо бояд тарзи муносибат бо мардумро бо усулҳои нав омӯзем. Имрӯз маълумот бо суръати ҳайратовар паҳн мешавд. Тасаввур кунед: ман роҳи ҷанги падарамро таҳқиқ менамоям. Масалан ман маълум кардам, ки ӯ соли 1942 ҳамроҳи 200 сарбози дигар ҷангидааст. Ҳамзамонони сарбозон, ки албатта аз ин ҳодиса бохабаранд ба ман кӯмак мерасонанд то ман хронологияи ҷанги падарамро муайян намоям ",-нақл кард Николай Земсов.
Ӯ мегӯяд, агар одамон дар бораи дар кадом қисм ҷангидани падар ё бобои худро ба шабакаҳои интернетӣ ҷой диҳанд, метавонанд сарбозонеро, ки ҳамроҳаш ҷангидаанд ёбанд, ҳамроҳ ба он ҷойҳо бираванд ва хотири онҳоро бори дигар зинда гардонанд.
"Мо хазинаи бузурги маълумоти бонуфузро дар бораи ҶБВ ташкил менамоем. Мо, ҳамчунин аз адибону киносозон тақозо дорем, ки ҳикояҳои шавқовар —дар бораи муҳаббат, ҳаёти ғайриоддии ҷанг, қаҳрамонӣ, дӯстӣро, ки шавқовартар аз ҳама гуна мавзӯъҳои худсохт бошад, тасвир намоянд",-илова кард Земтсов.
Дар арафаи интихобот ба Думаи давлатии ФР масъулини ташкилоти мо ба аҳзоб ва ҳукумат муроҷиат намуда, хост то ҳаракатро сиёсӣ накунанд.
Фазои хотира аз сарҳади сиёсӣ фарохтар аст, барои ҳамин ҳам кишварҳои ИДМ, Гурҷистон, Балтика ва дигарҳо ёдоварии хуб доранд.
"Ҳукумат муваққатӣ аст, хотираи абадиро мардум нигоҳ медорад. "Полки ҷовидон" ба ҷумҳуриҳои ИДМ муроҷиат менамояд: биёяд хотираи якҷояамонро нигоҳ дорем. Мо посухи самимии шуморо интизорем",-хулоса кард Земтсов.