ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта як сокини пойтахт зери чархи қатораи мусофиркашии хатсайри самти Маскав-Душанбе монд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба навиштаи ин манбаъ, қатор таҳти идораи машинист, марди 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ёрдамчии машинист марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор қарор доштааст.
Гуфта мешавад, қатора ҳангоми ҳаракат марди 58-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки қад-қади роҳи оҳан роҳ мегаштааст, пахш намудааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.