Чӣ тавр "Сани" дар Тоҷикистон "террористон"-ро нобуд месозад

Обуна шудан
Сарбозони Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тавассути таҷҳизоти ҳарбии “Сани”, ки қутраш 120 мм аст, ба корвони мусаллаҳи террористони шартӣ дар минтақаи кӯҳии водии Ҳисор оташ кушоданд.

Барои муайян намудани минтақаҳои нишонгирӣ нозирони низомӣ аз системаи иктишофӣ, назорат ва алоқаи (КРУС) "Стрелец" истифода карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ОҲМ ВМ ФР.

"Вақти дарёфти ҳадаф то то нобудсозии душманон севу ним дақиқаро дар бар гирифт. Миномётчиён ҳаракати корвонро боздошта, ба сӯи мошинҳои қочоқбар оташ равона намуданд. Гурӯҳи "ҷиноӣ"-ро низомиёни вижа бартараф намуданд",- менависад манбаъ.

Омӯзиши муштараки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СПАД таҳти унвони "Чустуҷӯ-2016" дар қаламрави Тоҷикистон аз 18 апрел шурӯъ шуда, то 22 апрел идома меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0