Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба пойтахти Русия

© Sputnik / Григорий СысоевШукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаласаи якуми раисони парлумонҳои АвруОсиё дар Маскав баргузор шуда, дар он масоили марбут ба ҳамкориҳои мухталифи сиёсӣ-иҷтимоӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ҷиҳати иштирок дар машварати нахустини раисони парлумонҳои АвруОсиё озими Маскав гардид.

Дар парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумони Тоҷикистон ордени “Содружество” гирифт

Бино ба қавли сухангӯи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, сафари Зуҳуров ба Маскав ба даъвати Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия ва Чонг Уй Хвар, раиси Маҷлиси миллии Корея  сурат мегирад. Дар ин сафар Шукурҷон Зуҳуровро вакилони Маҷлиси намояндагон- Олимҷон Салимзода ва Садриддин Шарипов ҳамроҳӣ доранд.

Дар машварати якуми раисони парлумонҳои АвруОсиё сарони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Камбоҷа, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Русия, Тайланд, Филиппин, Чехия ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.

Манбаъ афзуд, дар чаҳорчӯби ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории парлумониро матраҳ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0