Мусобиқаи бози теннис дар Душанбе: 16 ва 17 апрел

© Sputnik / Алексей ФилипповТеннис
Теннис - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мусобиқа бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии "Қасри тенниси шаҳри Душанбе" ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар ташкил шудааст.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахт, ки ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзҳои 16-17 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Ташкилкунандагони ин мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар мебошанд.

Бозгашти Шарапова ба феҳрасти 10-гонаи беҳтаринҳо

Раҳбари КВД "Қасри тенниси шаҳри Душанбе" Тоҷиддин Тағоев мегӯяд, дар ин мусобиқа, ки бори панҷум барпо мегардад, ҳудуди 30 нафар дӯстдорони теннис, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд.

"Маросими ифтитоҳи мусобиқа 16 апрел соати 11 дар Қасри тенниси Душанбе баргузор мешавад. Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи як намуд — рақобатҳои инфиродӣ сурат мегирад",- илова кардааст Тағоев.

Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои КВД "Қасри тенниси шаҳри Душанбе", Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе сарфароз мегарданд.    

Лентаи хабарҳо
0