Симонян: дар Туркия дигар озодии баён вуҷуд надорад

© Sputnik / Владимир ТрефиловМаргарита Симонян. Акс аз бойгонӣ
Маргарита Симонян. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарори ҳукумати Туркия дар бораи масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи оҷонсии Sputnik аз ҳузури сензураи воқеъӣ ва адами озодии баён дарак медиҳад, қайд кард сармуҳаррири оҷонсии Sputnik.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сардабири оҷонсии Sputnik Маргарита Симонян қарори ҳукумати Туркияро дар мавриди масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи хабаргузориро аломати вуҷуд надоштани озодии сухан дар ин кишвар ва пурзуршавии сензура медонад.

"Қарори ҳукумати Туркия дар бораи маҳдуд намудани дастрасӣ ба торномаи оҷонсии Sputnik аз сензураи мукаммал ва набудани озодии сухан дарак медиҳад. Озодии сухан дар ин кишвар нест. Бо дарназардошти он ки чанд рӯз қабл оҷонсии Sputnik соҳиби ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони Туркия гардид, ин қарор бемаъно менамояд",-изҳор дошт Симонян.

Қаблан хабар дода шуд, ки торномаи оҷонсии Sputnik дар Туркия рӯзи панҷшанбе баста шуд; ҳангоми боз кардани саҳифа навиштаҷот дар бораи чораҳои маъмурӣ аз ҷониби ҳукумат намудор мегардад.

ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

Ба гуфти сармуҳаррири Sputnik-и Туркия Турал Керимов рӯзи панҷшанбе Раёсати телекоммуникатсия ва алоқаи Туркия (TIB) масдуд шудани торномаро бидуни шарҳ тасдиқ карданд.

Ӯ иброз дошт, ки айни замон намояндагӣ ба тартиб додани дархости расмӣ барои гирифтани маълумоти бештар машғул аст. Аз TIB ба РИА Новости хабар доданд, ки торномаи оҷонсии Sputnik муваққатан баста шудааст, қарори ниҳоӣ аз ҷониби додгоҳ бароварда мешавад.

Вақти боз кардани саҳифаи торнома навиштаҷоти зерин рӯи он намудор мешавад: "Дар натиҷаи санҷиши техникӣ ва баҳодиҳии ҳуқуқӣ, мувофиқи қонуни 5651 бо қарори 14.04.2016 №490.05.01.2016.-56092 Раёсати телекоммуникатсия ва алоқа нисбати торнома (sputniknews.com) чораҳои маъмурӣ андешида мешаванд".

Лентаи хабарҳо
0