ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони кишвар муаррифии ду вакили тозаинтихоботи палатаи поёнии парлумон сурат пазируфт.
Ҳамин тавр, декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзад аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинов, ки дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1 бо 83,4 фоизи овозҳо пирӯз шуда буд, ба ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН интихоб гардид.
Зимнан, номзади худпешбар, Баҳодур Акрамзода, ки дар ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 бо 58,5 фоизи овозҳо пирӯз гардид, ба узвияти Кумитаи иқтисоду молияи Маҷлиси намояндагон пазируфта шуд.
Тибқи иттилоъ, вакилони нав акнун дар Маҷлиси намояндагон курсиҳои холимондаи собиқ вакилони Маҷлиси намояндагон- Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзодаро соҳибӣ хоҳанд кард.
Маврид ба ёдоварист, Комилҷон Саидзода чанде пеш раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Маҳмадалӣ Ватанзода ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардиданд.