ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Имрӯз ва фардо дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд аввалин ҷаласаи мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мепазирад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.
"Ин ҷаласа тибқи Фармоиши муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3-юми июни соли 2015 баргузор мешавад",- меафзояд манбаъ.
Аснои нишаст баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни мақомоти корҳои дохилии ҳар ду кишвар, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилона ва табодули таҷриба дар самти ислоҳоти милитсия дар назар аст.
Қаблан хабар дода будем, ки ҳайати Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти сарварии вазири корҳои дохилии он кишвар Мелис Турганбаев ба шаҳри Гулистон омада, дар ин ҷо мулоқоти ӯ ва ҳамтои тоҷикаш- Рамазон Раҳимзода баргузор шуд ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки равобит ва муносибатҳои дуҷонибаи ниҳодҳои қудратии ҳар ду давлат боз ҳам равнақу густариш хоҳанд ёфт.
Ҳамзамон, Мелис Турганбаев изҳор дошт, ки баргузории як чунин нишастҳо боиси тақвияти ҳамкориҳо гардида, аз ин ба баъд роҳро барои муносиботи ҳасана дар ҷабаҳоти мухталиф боз мекунад.