"Сомон Эйр" хатсайри ҳавоии Душанбе-Кобул-Душанберо ифтитоҳ мекунад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинДафтари марказии ширкати "Сомон Эйр" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Дафтари марказии ширкати Сомон Эйр дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимнан, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе низ парвозҳоро ба роҳ монад. Куллияи парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737 анҷом дода мешаванд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи ду хатсайри нав дар масири ҳавоии Душанбе — Кобул (Афғонистон) ва Душанбе-Лоҳур (Покистон) эълон дошт.

Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хатсайри мустақим Душанбе ва Лоҳурро мепайвандад

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ширкати "Сомон Эйр" ҳавопаймои марбути ин ширкат ба пойтахти Афғонистон ҳафтае як маротиба — рӯзи ҷумъа парвоз хоҳад кард. Хатсайри аввалин ба самти мазкур дар санаи 29 апрел иҷро мегардад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 18-55 ва аз Кобул ба Душанбе соати 21-00 бо вақти маҳаллӣ муайян шудааст. Давомнокии парвоз ҳамагӣ 1 соатро дар бар мегирад.

Қаблан ширкат эълон дошт, ки парвозҳо ба Лоҳур ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа амалӣ хоҳанд гашт. Илова бар ин, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтааст, ки дар самти Душанбе-Теҳрон-Душанбе парвозҳоро ба роҳ монад. Тамоми парвозҳо дар ҳавопаймоҳои тамғаи "Боинг 737" амалӣ хоҳанд гашт.

Дар ҳоли ҳозир, "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон муваффақона иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0