Аз аввали сол сайёҳон ба Тоҷикистон $36 миллион фоида оварданд

CC BY 2.0 / Oleg Brovko / в. Б. ГанзаСайёҳон дар кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сайёҳон дар кӯҳҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Табиати нотакрори Тоҷикистон беш аз 73 ҳазор сайёҳро ҷалб намуд, ки ин нишондод дар қиёс бо соли гузашта 5,6 ҳазор нафар зиёд аст.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон маъруфияти кишварро дар байни меҳмонони хориҷ қайд намуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Таи моҳҳои аввал беш аз 89,1 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Шумораи сайёҳон бошад  ба 73 ҳазор нафар расид, ки нисбати соли гузашта 5,8 ҳазор зиёдтар мебошад.

Сайёҳон дар Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои тамошобоб барои сайёҳон шомил шуд

Сайёҳон ба буҷаи давлат 36 миллион доллар фоида оварданд.

Дар кумита иброз доштанд, ки сабаби зиёдшавии шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба оромию суботи кишвар, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва ҳамчунин огоҳии сайёҳон дар бораи ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 413,8 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ сафар кардаанд. Даромади умумии бахши туризм 206,9 миллион долларро ташкил дод.

Қаблан хабар дода шуд, ки истироҳат дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм журналисти бритониёиро ба навиштани китоб дар бораи осоишгоҳҳои қаламрави собиқ ИҶШС водор кард.

 

Лентаи хабарҳо
0