Хокинг ва Милнер ковишгари байниситораҳоро ба кайҳон мефиристанд

© REUTERS \ Breakthrough InitiativesГуруҳе аз лазерҳои лоиҳаи Breakthrough Starshot
Гуруҳе аз лазерҳои лоиҳаи Breakthrough Starshot - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷҳизоте, ки ба “Алфа Сентавра” фиристода мешавад, аз нанорадифи дар бодбони лазерӣ ҷой дошта, ки аз Замин бо суръати баробар ба 20 фоизи суръати нур парвоз мекунад, иборат буда дар бист соли оянда сохта хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Соҳибкори рус Юрий Милнер лоиҳаи бунёди таҷҳизоти парвозии физики бритониёӣ Стивен Хокингро, ки ба наздиктарин ситораи Замин — ба "Алфа Сентавра" парвоз хоҳад кард, бо маблағи 100 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Роботи чашмкабуд- дастёри мизоҷон дар беморхонаи пиронсолон

Дар доираи лоиҳаи "Breakthrough Starshot" олимон ба тайёр намудани нанодастгоҳе, ки аз шуъои нур ба ҳаракат медарояд машғул мешаванд. Мувофиқи нақшаи олимон ба нанодастгоҳ роботҳои хурд бо дастгоҳҳои сабткунанда, ки мувофиқ будани сайёраҳоро ба шароити зисти организмҳои зинда месанҷанд, пайваст карда мешаванд.

Ҳамчунин олимон умедворанд, ки бо шарофати лазер ин нанодастгоҳҳо метавонанд, суръати ба 20 фоиз баробар ба сураъти нурро инкишоф диҳанд.

"Ин дастгоҳҳои монанди чипи телефонҳои мобилӣ бо бодбони тунуки лазерӣ хоҳад буд",-изҳор дошт масъули лоиҳа Пит Ворден ба оҷонсии Рейтер.

Қаблан Милнер ва Хокинг иброз доштанд, ки тайёранд барои огоҳӣ пайдо кардан аз зиндагии сокинони сайёраҳои дигар 100 миллион доллар маблағгузорӣ намуда, тарҳи Breakthrough Listen-ро амалӣ созанд.

Лентаи хабарҳо
0