БМТ: бозхонди иҷозатномаҳои бархе аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллӣ пешниҳод намояд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik.  Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонуни кишвар "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи дастурамал "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд" барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ "Рушди Помир", ҶДММ ТҚХ "Ишкошим", ҶДММ ТҚХ "Рушди Дарвоз", ҶДММ ТҚХ "Аврангзеб" ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод" ба дархости онҳо розигӣ дода шуд.

IFC ба беҳбуди наҳваи қарздиҳӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Дафтари матбуотии БМТ мегӯяд, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ "Ишкошим", ҶДММ ТҚХ "Рушди Дарвоз", ҶДММ ТҚХ "Аврангзеб" ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод", ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

Ҳамзамон, ҶДММ ТҚХ "Рушди Помир" уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи асноди таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллӣ пешниҳод намояд.

Тибқи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ "Ишкошим", ҶДММ ТҚХ "Рушди Дарвоз", ҶДММ ТҚХ "Аврангзеб" ва ҶДММ ТҚХ "Шурообод" аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0