Ширкати "Tabani" хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст

© РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПокистон. Акс аз бойгонӣ
Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати покистонӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулот аз пахта ва пӯст машғул аст, тасмим дорад дар Тоҷикистон шабакаҳои коркарди пахтаву пӯстро ба роҳ монад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова дар Душанбе бо намояндагони ширкати покистонии Tabani Group of Companies вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Исломобод: Тоҷикистон шарики асосии Покистон дар минтақа мебошад

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорат, иқтисоду энергетика, саноати сабук ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

"Мо мехоҳем ҳамкориҳоямонро бо Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монем ва дар ҷумҳурӣ шабакаҳои технологии коркарди маҳсулоти пӯст ва пахтаро таъсис диҳем",-изҳор дошт мудири ширкат Муҳаммад Амин Ғозиёнӣ.

Ӯ ба мақомоти кишвар муроҷиат карда хостааст, то дар ташкили вохӯрӣ бо масъулини вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, вазорати энергетика ва захираҳои об, вазорати кишоварзӣ ва вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Муовини раиси ПСС ҷумҳурӣ бону Рустамова изҳор дошт, ки тайёр аст дар ин роҳ ба ширкати покистонӣ кӯмак расонад.

Ширкати "Tabani Group of Companies" ба истеҳсоли молҳои аз пӯст ва пахта омодашуда машғул аст. Соли 2010 ин ширкат бо ПСС Тоҷикистон, корхонаҳои "Русияву Покистон" ва "Покистону Шриланка"  тавофуқномаи ҳамкориро ба имзо расонид.

Қаблан, сафири Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро изҳор дошт, ки мубодилаи молу коло дар байни ду кишвар бояд аз 65 миллион доллар то 500 миллион расад.

Лентаи хабарҳо
0