Се худкуш дар назди бинои ШКД-и Ставропол худро таркониданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМошини хидматии пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини хидматии пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назди бинои ШКД-и ноҳияи Новоселитскии минтақаи Ставрапол панҷ инфиҷор ба вуқӯъ пайваст. Террористон ба ҳалокат расиданд. Дар бораи захмиён маълумот дода намешавад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Се террористи худкуш рӯзи душанбе худро дар назди бинои ШКД-и вилояти Ставрапол таркониданд, иттилоъ дод як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба РИА Новости.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ террористи чорум нобуд карда шудааст.

"Эҳтимолан се худкуш худро дар назди бинои ВКД-и ноҳияи Новоселитски вилояти Ставраполск тарконидаанд. Террористон ба ҳалокат расиданд. Ҳамагӣ панҷ инфиҷор рух дод",-гуфт ҳамсӯбати оҷонсӣ.

Дар Идораи марказии Вазорати корҳои дохилии вилояти Ставрапол маълумотро дар бораи ҳуҷум ба ВКД тасдиқ карданд. Дар бораи захмиён маълумот дода намешавад.

Лентаи хабарҳо
0