https://sputnik.tj/20160411/1019204554.html
Роҳнамои нахустини Чин. Барои харобшавӣ
Роҳнамои нахустини Чин. Барои харобшавӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мувофиқи маълумоти кумитаи давлатии тандурустӣ ва танзими оилаи Чин дар соли 2015 наздики 30%-и аҳолӣ аз 18-сола боло дар ин кишвар аз фарбеҳӣ (вазни... 11.04.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-04-11T13:07+0500
2016-04-11T13:07+0500
2021-04-22T12:52+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101646/28/1016462809_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_5ce9d54faeac31d23abb5fda25523b0d.jpg
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, тандурустӣ, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, чин, фарбеҳӣ, харобшавӣ, вазни зиёд, дастуруламал, роҳнамо
осиёи марказӣ, тандурустӣ, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, чин, фарбеҳӣ, харобшавӣ, вазни зиёд, дастуруламал, роҳнамо
Роҳнамои нахустини Чин. Барои харобшавӣ
13:07 11.04.2016 (Навсозишуда: 12:52 22.04.2021) Мувофиқи маълумоти кумитаи давлатии тандурустӣ ва танзими оилаи Чин дар соли 2015 наздики 30%-и аҳолӣ аз 18-сола боло дар ин кишвар аз фарбеҳӣ (вазни зиёдатӣ)азият мекашанд. Ин нишондод ҳатто дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои рушдёфта бештар аст.
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Духтурони чинӣ барои нафароне, ки аз доштани вазни зиёд азият мекашанд, дастури нахустинро пешниҳод намуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи China Daily.
Роҳнамо аз ҷониби Ассотсиатсияи табибони Чин (CMDA) якҷоя бо ассотсиатсияи байналмилалиӣ оид ба мубодила ва омӯзиш дар муассисаҳои тиббӣ ва тандурустӣ (CPAM) ва ду ташкилоти дигари беҳдоштӣ таҳия гардидааст.
Дар омода намудани дастур беш аз 100 мутахассис даст дошта, он тайи як сол омода ва нашр шудааст.
Дар маводи омодашуда муқаррароти асосӣ барои хароб шудан, аз ҷумла маслиҳатҳо оиди интихоби парҳез ва машқҳои варзишӣ оварда шудаанд. Соли 2016 дар 39 бемористонҳои 20 шаҳри Чин барномаи озмоишӣ бо мақсади кам кардани вазни зиёдатӣ ба роҳ монда шудааст. Интизор меравад, ки дар оянда ин гуна барномаҳо дар дигар табобатхонаҳо низ фаъол гарданд.
Тибқи маълумоти кумитаи тандурустӣ ва танзими оилаи Чин то охири соли 2015 дар ин кишвар 30%-и аҳолии аз 18-сола боло аз зиёд будани вазн азият мекашанд ва ин нишондод дар ҳоли афзоиш аст.