Ҷонибдории таҷлили “Рӯзи президент” аз ҷониби Шӯрои МН

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон аснои ироаи паём ба вакилони ҳар ду палатаи парлумон. 20 январи соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон аснои ироаи паём ба вакилони ҳар ду палатаи парлумон. 20 январи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дахл дошта, дар он таъкид мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумат дар бораи таҷлил аз "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар кишварро баррасӣ карда, аз ин тарҳ пуштибонӣ кардааст ва ин масъала дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор хоҳаҳд гирифт.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2013 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон қонун “Дар бораи Пешвои миллат”-ро имзо кард

Ба қавли дафтари матбуотии МН, ин тағйирот ба моддаи 2-и қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дахл дошта, дар он таъкид мешавад, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад.

"Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст",- омадааст дар хабари сарчашма.

Маврид ба ёдоварист, моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 декабр имзо гузошт.

Лентаи хабарҳо
0