Шаҳрванди ҶТ дар метрои Маскав ҳадафи тир қарор гирифт

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкЁрии твъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Ёрии твъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар истгоҳи метрои мавсум ба "Калуга"- и Маскав дар натиҷаи як муноқиша як мусофир мавриди ҳамлаи дигар мусофир қарор гирифта, аз ноҳияи сараш ду тир аз туфангчаи пневматикии " Оса" хӯрдааст.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Рӯзи ҷумъаи гузашта дар метрои "Калуга" як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи мусофири дигар қарор гирифта, аз ноҳияи сараш ҷароҳат бардошт, иттилоъ медиҳад РИА Новости ба истинод ба РКД дар метрополитени Маскав.

Зимнан, Сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Русия эълон дошт, ки ҷабрдида сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошад.

"Шахсе, ки мавриди ҳамла дар метро қарор гирифтааст, Саидов Сулаймон Нуровичи 39- сола, зодаи ноҳияи Восеъи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло ӯ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ аст",- меафзояд манбаъ.

Айни замон ӯ ҷарроҳӣ шуда, Сафорати Тоҷикистон қазияро якҷоя бо пулис пайгирӣ дорад.

"Ҳоло шахси ҳамлагар, ки мутаваллиди соли 1957 аст, боздошт гардида, дар нисбати ӯ бо иттиҳоми "сӯиқасд ба ҷони одам" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст",- иброз дошт намояндаи Комиссияи тафтишотии Русия Юлия Иванова.

Лентаи хабарҳо
0