ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сафири тозатаъини Тоҷикистон Парвиз Давлатзода нусхаи эътимодномаи дипломатишро дар Чин ба муовини сардори раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Жанг Йиминг супурдааст, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.
Маросими расмии супурдани эътимодномаи сафири ҷадиди Тоҷикистон дар Чин дар шаҳри Пекин баргузор шудааст.
"Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ баҳои баланд дода, қайд карданд, ки минбаъд низ барои таҳкими сатҳи муносибатҳои дӯстона ва стратегии Тоҷикистону Чин иқдом хоҳанд кард", — меафзояд манбаъ.
Оқои Жанг Йиминг сафирро бинобар ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.
Маврид ба ёдоварист, Парвиз Давлатзода, ки дар гузашта дар вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият мекард, дар мақоми нав Рашид Олимовро иваз кард. Дувумӣ аз моҳи январи соли равон инҷониб дар вазифаи дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай кор мекунад.